- ситора
- I[ستاره]1. ҷирми осмоние, ки дар осмон шабона чун нуқтаи дурахшоне дида мешавад, кавкаб; ахтар; ситораи думдор ҷирми осмоние, ки дар пасаш дунболаи туманмонанде дорад, ситораи корвонкуш ситораи ҳурмузд, ки нисфи шаб дар ҷои ноҳид – ситораи саҳарӣ баромада корвонро ба иштибоҳ меандозад2. шакли парадори ситорамонанд; ситораи панҷгӯша; «Ситораи сурх» яке аз орден – нишонҳои олии ҳарбии собиқ шӯравӣ3. маҷ. шахси мумтоз дар соҳае (бештар дар соҳаи илм ва санъат); ситораи илм, ситораи олами санъат; ситораи раҳнамо а) ситораи қутбӣ; б) маҷ. роҳбар, пешрав; аз ситора афзун (зиёд) будан хеле зиёд будан, бешумор будан; ситора шумурдан киноя аз шабҳо бедор будан, бехоб будан, шабзиндадорӣ кардан; ситорааш гарм одами дӯстрӯ, дилчасп, он ки дар бинанда ҳусни таваҷҷӯҳ бармеангезад; ситораи касе бо касе рост (хуш) наомадан тавофуқ надоштан, созгор набудан, писанд нашуданII[ستاره]кит. парда, чодир
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.